Дар бораи филм
Чор наврас худро дар дохили бозии «Ҷуманҷи» меёбанд. Онҳоро муборизаи бо каргадонҳо ва мамбаҳои сиёҳ интизор аст, ва дар ҳар қадам занҷираи беохири дому муаммоҳо каминро мегиранд. Барои гузаштани бозӣ ва зинда мондан, онҳо бояд ба образи қаҳрамонони бозӣ дароянд: Спенсери тарсончак ва камрӯй ба муҳаққиқи диловар ва пурзӯр табдил меёбад, Фриҷи ҷуссадор — ба одами пасткада, Беттании зебо ва зинатпараст — ба профессор, Марта бошад — ба амазонкаи ҷасур ва чолок табдил меёбад. Дӯстон бояд ба нақшҳои комилан нав ва барояшон ношинос одат кунанд ва роҳи ба хона баргаштанро ёбанд. Дар асоси романи «Ҷуманҷи» навиштаи Крис Ван Оллсбург.



