Дар бораи филм
Пас аз ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001, ҳуқуқшинос Кеннет Файнберг сарвари фонди ҷуброни хисорот ба қурбониён таъин мешавад. Ӯ бояд арзиши ҳаёти одамони дигарро айнан муайян кунад, то ҷуброн пардохт шавад. Файнберг дар байни ду оташ мемонад — одамоне, ки интизори ҷуброни зиёне ҳастанд, ки арзёбиаш ғайриимкон аст, ва лоббиҳои гуногуне, ки мехоҳанд ин ҷуброн кам карда шавад. Кеннет ба фоҷиаи касоне, ки наздиконашонро дар манораҳо гум кардаанд, ғарқ мешавад ва дарду ғаму андуҳи дар паси рақамҳои хушки коғазӣ пинҳонбударо кашф мекунад.
