Дар бораи силсилафилм
Ин ҷанги ҷаҳонӣ тақрибан сад сол пеш сар шуд. Инсон яроқи қотил — антибиотикро — ихтироъ кард ва бори аввал кӯшид ба дунёе, ки ҳеч гоҳ дар итоати ӯ набуд, назорат баркарор кунад. Мубориза то ҳол идома дорад. Аммо бактерияҳо ба муқобилат бо антибиотикҳо омӯхтанд — онҳо ба яроқи мо тобовар ва муқовиматпазир шуданд. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), дар асри гузашта зиёда аз сад антибиотик кашф шуда буд. Аз онҳо зиёда аз 80-то аллакай кӯҳна шудаанд. Бо ин суръат, барвақт ё дер мо боз ба даврони эпидемияҳо бармегардем. Лаҳзае мерасад, ки аппендицити оддӣ боз ба маънии марг табдил меёбад, амалиёти оддитарин ба тартиби хавфи баланд мегардад. Одамон ба ёд меоранд, ки мурдан аз шамолхӯрӣ, дарунравӣ ва ангинаи оддӣ чист. «Дар ҳақиқат ин лаҳза аллакай расидааст! Ва бисёр бактерияҳо имрӯз амалан осебнопазир ҳастанд», — чунин мешуморанд олимон. Имрӯз башарият дар бунбаст қарор дорад. Баъд чи бояд кард? Чи тавр аз домаи хатарноке, ки ҳамаи мо гирифтори он шудем, роҳ ёфт?
