Дар бораи силсилафилм
Агенти махсус Дана Скалли, духтур ва муаллими академияи ФБР дар Вирҷиния, вазифадор мешавад, ки якҷоя бо агент Фокс Малдер дар лоиҳаи «Маводи махфӣ» кор кунад — бойгонии парвандаҳои асроромез ва ҳалнашудаи ФБР, ки аксар вақт бо падидаҳои парапсихологӣ, ҳодисаҳои вампиризм ва гургшавӣ, ҳамлаи мутантҳои генетикӣ ва шаҳодатҳо дар бораи рабудани одамон аз ҷониби бегонагони фазоӣ алоқаманданд... Малдер ба бегонагони фазоӣ бовар дорад ва мекӯшад скептик Скаллиро бовар кунонад, ки на ҳама чиз ҳамеша тавзеҳи оқилона дорад. Дар мубоҳисаҳояшон Малдер ва Скалли на он қадар мекӯшанд якдигарро бовар кунонанд, балки аз худи муошират лаззат мебаранд. Тадриҷан бовариноаштии аввалаи мутақобила ба дӯстӣ ва андаке дертар ба ҳиссиёти амиқтар табдил меёбад.
