Дар бораи филм
Ҳама медонем, ки чӣ рӯй медиҳад, вақте ки шоҳзодае маликаеро, ки ба қурбоққа табдил ёфтааст, мебӯсад. Аммо чӣ мешавад, агар пешхидматзане, ки либоси малика пӯшидааст, шоҳзодаи қурбоққашударо бибӯсад? Гурӯҳи аниматорон бо роҳбарии Рон Клементс ва Ҷон Маскер, офарандагони «Русалочка» ва «Аладдин», ҳамроҳ бо оҳангсози барандаи ҷоизаи «Оскар» Ренди Нюман достони зеботарини ишқро нақл мекунанд… бо иштироки қурбоққаҳо, ҷодуи Вуду ва тимсоҳи сурудхон.
