Дар бораи филм
Ҷавони сиёҳпӯст Майкл Оер кӯдакиашро дар манотиқи камбизоатнишин бо модари нашъаманде, ки доимо мардонашро иваз мекард, гузаронд. Аз хурдсолӣ ӯ танҳоӣ, дард ва хориро эҳсос кард. Майкл ба мактаб намерафт ва ҳатто хондан ҳам ёд нагирифта буд. Ягона хушии ӯ бозии футбол буд. Танҳо дар майдони футбол ӯ худро комилан хушбахт эҳсос мекард. Пас аз марги модараш, Майкл дар кӯча мемонад, аммо як оилаи сафедпӯст ӯро мебинад. Хонум Туи писарбачаро ба хонаашон даъват мекунад ва дар шӯрои оилавӣ қарор мегирад, ки Майклро дар оила нигоҳ доранд. Ҷавони сиёҳпӯст волидон пайдо мекунад ва мефаҳмад, ки муҳаббат ва дастгирӣ чист. Акнун бар ӯ лозим аст, ки дар ҷаҳони бидуни дард ва хорӣ тарзи нави зиндагиро ёд гирад.
