Дар бораи филм
Тиҳиро ҳамроҳи модару падараш ба хонаи нав кӯч мебандад. Дар роҳ гумроҳ шуда, онҳо ба шаҳраки аҷиб ва беодам мерасанд, ки дар он зиёфати боҳашамат интизори онҳост. Волидон бо ҳарисӣ ба хӯрок мезананд ва бо даҳшати духтарак ба хук табдил меёбанд ва асири ҷодугари бадҷинс Юбаба мегарданд. Акнун, танҳо дар байни махлуқоти ҷодуӣ ва рӯъёҳои асроромез монда, Тиҳиро бояд роҳе пайдо кунад, ки волидонашро аз ҷодуи пиразани маккор наҷот диҳад.
