Дар бораи филм
Пас аз маскан гирифтан дар Грин Ҳиллз, Соник мехоҳад исбот кунад, ки ӯ ҳамаи хислатҳои қаҳрамони ҳақиқиро дорад. Ва озмоиши қаҳрамонӣ дер интизор намемонад: доктори бадкирдор Роботник боз ҳам найранг мебофад. Ин дафъа - бо ҳамроҳи мармузаш Наклз. Онҳо якҷоя дар паи зумурради бебаҳое мегарданд, ки дар он қувваҳои қодир ба нобуд кардани тамаддунҳои том ҷой доранд. Соник бо рӯбоҳча Тейлз муттаҳид мешавад, то ба сафари дунё гардад ва зумурадро пеш аз он ки ба дасти бадон афтад, пайдо кунад.



