Дар бораи филм
Панҷ сол пеш ДИИШ (созмони террористии дар Русия мамнӯъ) ба эзидиҳо дар вилояти Синҷори Ироқ ҳамла кард. Ҳазорон нафар кушта шуданд ва боз ҳам бештар занон ва духтарони эзидӣ барои фурӯш ва нигоҳ доштан ҳамчун «сабоя» — канизон рабуда шуданд. Бисёре аз онҳо ҳанӯз ҳам дар дасти тарафдорони террористон дар лагери азими Ал-Ҳол дар шимолу шарқи Сурия асиранд, ки бисёриҳо онро хатарноктарин маскани гурезагон дар Шарқи Наздик медонанд. Маҳз дар ҳамин ҷо Маҳмуд ва гурӯҳи занони ҷосуси нотарс асиронро наҷот медиҳанд.
