Дар бораи силсилафилм
Ривояти филм аз он лаҳза оғоз мешавад, ки Умар ҳамагӣ 4-сола аст. Аммо ӯ аллакай порчаҳоеро аз Қуръон аз ёд мекунад. Бо болиғ шудани Умар ақли беҳамтои ӯ низ пухта мерасад. Аммо шуҷоат ва озодихоҳии ӯ дар Шарқ сифатҳои чандон писандида нестанд. Истеъдоди шоирии ӯ сабаби ғайримустақими марги падараш мегардад. Ҳамлаҳои ҷанговарони салҷуқӣ хонадони Хайёмро аз шаҳре ба шаҳре мебаронанд. Дар синни 18-солагӣ Умар аллакай яке аз файласуф, риёзидон ва ситорашиноси барҷастаи Самарқанд мегардад. Дар тамоми умраш ӯ озод нест. Шоир ва олим маҷбур аст, ки ҳамеша ба хидмати касоне бошад, ки ватанашро валангор карда, падар ва устодашро куштаанд. Истеъдодҳои ӯ сабаби ҳамаи бадбахтиҳояшанд. Хайём ҳамеша танҳост. Муҳаббати аввалин ва шогирдаш — хиёнат мекунанд, арӯсаш — мемирад, дӯсташ — тарк мекунад. Ин ранҷу азобро ӯ дар рубоиёти худ ифода мекунад, ки аллакай 10 аср зиндаанд. То 60-солагӣ Хайём камбағал ва аз ёди ҳама фаромӯшшуда мешавад. Аммо инсони боҷуръат ва хирадманд ҳаргиз таслим намешавад.
