Дар бораи филм
Карлии ҳаждаҳсола бо марде бо номи Кайл, ки дилрабо, сарватманд ва панҷоҳсола аст, шурӯъ ба муошират мекунад. Ба модари духтар чунин фарқи синну сол шубҳаовар менамояд ва ӯ мекӯшад, ки духтарашро аз ин муносибат бозмедорад. Аммо маълум мешавад, ки Кайл монипулятори моҳир аст ва Карлиро ба зидди оилааш бармеангезонад. Духтар пурра дар банди эҳсосот аст ва тамоман пай намебарад, ки худро дар қафасе, гарчанде тиллоӣ, вале боз ҳам қафас, маҳбус кардааст.
