Дар бораи филм
Комедияи мазҳакаангез дар бораи он, ки киштии буғии шӯравии «Евгений Онегин» барои боғи ҳайвонот шеру паланг мебурд, вале маймунчае, ки ба ҳайати киштӣ ҳамчун тӳҳфа дода шуда буд, қафасҳоро кушода дарандаҳоро ба палуба сар дод. Аммо дар ҳайати киштӣ буфетчии зебо ва мулоим — Марианна — буд, ки ҳайвонотро бисёр дӯст медошт ва мефаҳмид. Духтар ҳайвонотро ба итоати худ дароварда, пас аз саргузаштҳои гуногун паландҳо боз ба ҷои худ дар қафасҳо баргаштанд.
