Дар бораи филм
Скиппер, Рядовой, Ковальский ва Рико гурӯҳи баргузидаи пингвинҳоянд, ки боре тавонистанд аз боғи ҳайвонот гурезанд. Аммо ин чорнафара дар он ҷо душмани сахттарини худро гузоштанд. Ҳаштпо Дэйв ҳамеша ба паррандаҳо ҳасад мебурд, зеро тамошобинон пингвинҳоро бештар аз ӯ дӯст медоштанд. Дэйв, ки озод шудааст ва худро ҳамчун инсон — доктор Октавиус Спрут — ниқоб задааст, тасмим мегирад ҳамаи пингвинҳои ҷаҳонро дуздад ва бо кӯмаки як серуми махсус онҳоро ба ҳаюлоҳое табдил диҳад, ки одамон ҳатман нафрат хоҳанд дошт. Пас аз огоҳ шудан аз он, ки дар тамоми ҷаҳон пингвинҳо гум шуда истодаанд, чорнафараи ҷангӣ тасмим мегиранд ин масъаларо ҳал кунанд. Ба кӯмаки гурӯҳ агентии иктишофии «Боди Шимол» бо роҳбарии хирси қутбӣ Сикрет мешитобад.






