Дар бораи силсилафилм
Дар олами зериобӣ наҳангҳо ва делфинҳо тарзи ҳаёти ғайриоддӣ доранд. Олами онҳо аз олами мо комилан фарқ мекунад ва мо танҳо метавонем ба он нигоҳи гузаро андозем. Наҳанги кабуд бузургтарин ҳайвони сайёра аст. Ба илова, ин бузургтарин ҳайвоне мебошад, ки то ба ҳол дар Замин зиндагӣ кардааст. Миллионҳо сол ин наҳангҳои азим ва хешовандони бисёр боақлашон — делфинҳо, дар олами зериобӣ ҳукмронӣ мекарданд.
