Дар бораи филм
Вини ва Том ду мушчаи навозандаи бениҳоят шӯху хушмуомила ҳастанд, ки намоиш додан дар назди тамошобинонро дӯст медоранд. Рӯзе онҳо арафаи тӯфони ҷаҳонӣ дар хонаи Нӯҳ пайдо мешаванд ва аз каштӣ хабардор мешаванд, ки ҷойҳояш маҳдуданд. Бародарон бояд нақшаи ҳилагарона тарҳрезӣ кунанд, то якҷоя ба сафари аҷиби пур аз саргузашт баромада... ғарқ нашаванд. Аммо ба каштӣ дохил шудан танҳо нимаи кор аст. Оё онҳо метавонанд бо ҳамсояҳои навашон созгор шаванд ва хӯроки дарандагон нашаванд?
