Дар бораи филм
Амали филм дар Лондон оғоз меёбад, ки дар он сарвазири Британияи Кабир дар шароити пурасрор фавт мекунад. Дар маросими дафн бешубҳа роҳбарони ҷаҳони Ғарб ҳозиранд. Аммо он чи ки ҳамчун бехатартарин чорабинии рӯи замин оғоз шуда буд, ба таҳлукаоваринтарин суиқасд бар зидди пурқудраттарин пешвоёни ҷаҳон табдил меёбад, ки ин бошад ояндаи тамоми ҷаҳонро зери хатар мегузорад. Танҳо се нафар умеди пешгирии фоҷиаро нигоҳ медоранд: президенти ИМА, ёрдамчии содиқаш — агенти хадамоти махсус, ва агенти бритониёгии МИ-6, ки ба ҳеҷ кас бовар намекунад.

