Дар бораи филм
Айше солҳо пеш аз деҳаи худ ба Олмон рафта буд, то таҳсил кунад ва ҳаёти комилан дигаре сар кунад. Аз сабаби бемории модараш маҷбур мешавад баргардад, аммо худро дар он ҷо тамоман бегона ҳис мекунад. Ба зудӣ модари Айше вафот мекунад ва занбурхонаи худро ба вай мерос мегузорад. Зани ҷавон аз занбӯрҳо ва ҳаёти деҳот метарсад, аммо ба хотири модараш тасмим мегирад корро нафурӯшад. Аз ин лаҳза сафари нав ва тӯлонии Айше оғоз меёбад, ки дар он ба ӯ лозим меояд бо тарсҳои худ рӯбарӯ шавад ва шояд худро аз нав пайдо кунад.
