Дар бораи филм
Детективи ботаҷрибаи полиси Лос-Анҷелес Уилл Дормер якҷоя бо ҳамкораш ба шаҳрчаи хурде дар Аляска фиристода мешавад, то қатли духтари ҳабдаҳсоларо тафтиш кунад. Ёрдамчии Дормер инчунин детективи зираки полиси маҳаллӣ Элли Бур мегардад. Тафтишот пеш меравад ва ба зудӣ полисҳо шахси гумонбар пайдо мекунанд. Ин Уолтер Финч (Робин Уилямс) — марди дорои табиати романтикӣ, ки зиндагии танҳоӣ мегузаронад. Ҳамкори Дормер ҳангоми яке аз посбониҳо дар соҳили сангини беодам ҳалок мешавад. Ин марги тасодуфӣ Дормерро аз хоб маҳрум мекунад. Ҳарчи бештар дар доми найрангҳои Финч печида, Дормер хатари аз даст додани на танҳо хобашро дар ин шабҳои сафеди тобистонӣ дорад…
