Дар бораи филм
Дар ин филм шумо худатон ё дӯстонатонро мешиносед ва мо кафолат медиҳем — хеле хандаовар мешавад! Олимони бритониёӣ муайян карданд, ки инсони муосир ба таври миёна дар як рӯз якуним соат сарфи хондани хабарҳо мекунад. Бисёр корбарони интернет ба фикр афтода, кӯшиш мекунанд вақти сарфшуда дар сомонаҳои хабариро кам кунанд. Аммо ин ба Максим — менеҷери ҷавони ширкати сармоягузорӣ дахл надорад. Ӯ хабарзадаи (инфоголики) ҳақиқӣ буда, ҳатто як лаҳза бо телефонаш ҷудо намешавад. Вобастагии ӯ, вақте ки ҳамаи хабарҳое, ки ӯ мехонад, айнан дар ҳаёти худаш рух додан мегиранд, ба лаънати воқеӣ табдил меёбад. Дар чунин ҳолатҳо чӣ бояд кард? Дар интернет ҷустуҷӯ кард, ки дар ин бора чӣ навиштаанд?
