Дар бораи филм
Ҳенри Броган қотили кироя аст. Яке аз он қотилони некдиле, ки танҳо дар филмҳо вомехӯранд: ӯ фақат ба одамони бад тир мезанад, сӣ сол вафодорона барои ҳукумат кор кардааст ва баъд аз ба нафақа баромадан ногаҳон ба фикр меафтад. Шояд одамони бад дар воқеъ хуб буданд ва роҳбарият онҳоро ба хотири фоидаи худ нест карда бошад? Ва акнун тирандози "бедоршуда" худаш ҳадаф мегардад. Барои таъқиби Броган ягона агенте фиристода мешавад, ки метавонад аз ҷиҳати маҳорат бо ӯ баробар шавад.






