Дар бораи силсилафилм
Асоси сериали «Бозии тахтҳо» (Game of Thrones)-ро силсилаи романҳои Ҷорҷ Мартин «Суруди Ях ва Оташ» ташкил медиҳад. Печутоби фитнаҳои бераҳмона ва мураккаб, бозии аълои актёрон, тасвирҳои тахайюлангез — инҳо сабабҳое ҳастанд, ки бояд ин сериалро тамошо кард. Ҳамаи воқеаҳо дар атрофи Ҳафт Подшоҳӣ, ки дар қитъаи вуҷуднадоштаи Вестерос ҷойгиранд, рушд меёбад. Дар ин ҷаҳон замони бахту осоиш ба поён мерасад ва дар атрофи Тахти Оҳанин фитнаҳо бофта мешаванд ва тавтиа мепазад. Зеро дар ҷаҳоне, ки ҳама ба сӯи қудрат мекӯшад, дигар хел буда наметавонад. Низоъ байни хонадонҳои шоҳӣ ба ҷанг оварда мерасонад. Дар ин миён ҳеҷ кас эҳёи бадии бузургро дар Шимол пай намебарад, ва ҳоло танҳо Девор мардумеро, ки дар ҷануби он зиндагӣ мекунанд, ҳифз мекунад. Аммо ҳатто дар ин ҷо ҷой барои некӣ ва раҳмдилӣ ёфт мешавад.
