Дар бораи филм
Кристиан Грей ва Анастейша Стил бисёр озмоишҳоро паси сар карданд ва акнун, ишқи ҷудонашавандаи худро ба ҳамдигар исбот карда, дар калисо издивоҷ намуда, расман шавҳару зан гардиданд. Ба сафари асали худ рафта, зану шӯҳари навхонадор бо хушнудӣ зиндагӣ мекарданд, ҳанӯз гумон намекарданд, ки хушии оилавии онҳо ба зудӣ ба охир мерасад, вақте ки дар уфуқ як душмани пурасрор аз гузашта пайдо мешавад, ки омодааст барои муомилаи корие, ки барбод рафтааст, аз Кристиан ба тарзи бадтарин интиқом гирад — бо расонидани дард ва азоб ба касе, ки ӯ бештар аз ҳама дар ҷаҳон қадр мекунад ва дӯст медорад, яъне ба Анастейшаи нозук ва бемудофиа.
