Дар бораи филм
Филме, ки дар асоси асари ҳамноми нависандаи маъруф Улмас Умарбеков сохта шудааст, дар бораи тақдири душвори хоҳарони дугоник ҳикоя мекунад. Рӯзе қаҳрамони филм Фотима, бо вуҷуди дер шудани вақт, барои ҷустуҷӯи бародараш, ки дар охирҳо тарзи зиндагии шубҳанокро пеш гирифтааст ва падараш барои ӯ бисёр ташвиш мекашид, ба берун мебарояд. Дар кӯча Фотима бо гурӯҳе, ки Шаҳрух сардорӣ мекунад, рӯ ба рӯ мешавад. Мисли ҳамеша ин гурӯҳ ба «шикори духтарон»-и навбатии худ баромада буд... Барои қонеъ кардани ҳаваси ҳайвонии худ, онҳо ҳатто Фотимаро низ намебахшанд. Аз рӯи иттифоқи тақдир, бародари Фотима худ узви ҳамин гурӯҳ будааст. Маҳз дар ҳамин рӯзи даҳшатнок, ӯ аз ҳамешагӣ бештар маст шуда, пеш аз ҳамроҳонаш ба хона рафта буд. Фотима шармсории таҷовузро натавониста тоб орад, худкушӣ мекунад. Дар оилаи хушбахти Фотима ва Зуҳра як мусибат аз паси дигаре, ҳар як аз пешина даҳшатноктар, рух медиҳад. Зуҳра тасмим мегирад, ки барои Фотима аз таҷовузкорон қасос гирад. Аммо аз кӣ маҳз ва чӣ гуна?
