Дар бораи филм
Люк Ҳоббс агенти махсуси элитии амрикоист, ки либоси спортии роҳат, пикапҳои калон ва хӯроки солимро дӯст медорад. Декард Шоу денди англис ва собиқ корманди хадамоти иктишофист, ки костюмҳои гаронбаҳо, мошинҳои спортӣ ва зебодухтарони пойдарозро авлотар медонад. Ин ду нафар аз якдигар нафрат доранд. Аммо агар касе ба оилаҳояшон таҳдид кунад, онҳо ба ҳама чиз, ҳатто ба кор дар як даста, тайёранд.








