Дар бораи филм
Шабе дар пиллапояи бинои истиқоматияш духтари ҷавон кушта мешавад. Дар ҷасад ҳеҷ гуна нишони зӯроварӣ пайдо намешавад... Мувозинати ноустувор байни Равшанон ва Тираҳо вайрон мешавад. Ва тарозу ба тарафи Тираҳо хам мешавад. Аммо мақтула як Тираи дигар буд, яъне Равшанон зери гумонанд. Гесер таъҷилан гурӯҳашро ҷамъ мекунад: айбдоркунӣ дар куштор мушкили ҷиддист. Ӯ бояд вокуниш нишон диҳад. Ва пеш аз ҳама фаҳмад, ки кӣ дар куҷо буд ва дар вақти муайяншуда чӣ кор мекард. Маълум мешавад, ки танҳо Антон Городецкий алиби надорад.
