Дар бораи силсилафилм
Ҳодисаҳо 10 сол пас аз хотимаи мавсими ҳаштум рух медиҳанд. Декстер Морган дар шаҳраки хурди Айрон Лейк (шаҳраки тахайюлӣ дар иёлати Ню-Йорк) бо номи Ҷим Линдзи зиндагӣ мекунад. Ӯ дӯкони асбобу анҷом кушодааст ва бо сардори полиси маҳаллӣ Анҷела Бишоп мулоқот мекунад, майли қотилиашро пахш карда. Аммо пас аз он ки дар шаҳрак ҳодисаҳои ба қотилиҳои силсилавӣ монанд рух додан мегиранд, «ҳамроҳи торик»-и Декстер бедор мешавад.
